Зардчуба барои гадуди простата

Зардчуба барои гадуди простата

Простатити музмин (хронический) аз ҳама бемории паҳнгардидаи узвҳои ҷинсии мард ба шумор меравад ва аксаран дар мардони синну соли қобили меҳнат ва аз нигоҳи ҷинсӣ фаъол ба назар мерасад.

Паҳншавии аз ҳад зиёд, зуҳуроти хусусиёти вазнини асосии клиникӣ ( аломатҳои дардӣ ва дизурикӣ, безурёти дар оила, халалдоргаштани муносиботи ҷинсӣ ва ғ.) ва зарурати муроҷиати тез тез ба духтур дар синну соли нисбатан ҷавон, простатити музминро на фақат мушкилоти тиббӣ, балки мушкилоти иҷтимоъӣ низ мегардонанд.

Склерози ғадуди простата яке аз мароҳили хотимавии простатити музмини илтиҳобӣ дар простата ба шумор меравад. Маълум аст, ки дар инкишофи простатити музмин халалдоргаштани микросеркулятсия дар простата, ки тариқи таҳқиқотҳои реографикӣ ва эходоплерографикӣ ошкор гардидаанд, аҳамияти амиқ дорад. Инкишофи склерози простата дар рафти шиддатёфтани илтиҳоби бактериалӣ ва абактериалӣ ба вуқӯъ меояд ва онро ҳамчун марҳилаи охирини простатити музмин арзёбӣ мекунанд. Табобати склерози ғадуди простата ва гарданаи масона ба хотири паҳншавии зиёди ин беморӣ хусусан дар миёни мардони синну солашон боло ва пиронсолон, аз вазоифи муҳими урологияи муосир ба шумор меравад.

Склерозшавии ғадуд ба хурд шудани ҳаҷми узв, тағироти анатомии қисмати простатити найи пешобрез (уретра) ва бисёр вақт ба шаклдигаркунӣ ва тангшавии фосилаи онҳо оварда мерасонад. Дар табобати склерози простата бо усули ҷарроҳӣ, вазифаи аввалиндараҷа бартараф намудани тангии инфравезикалӣ, кам намудани оризаҳои вақти амал ва пас аз он, беҳтар намудани сифати ҳаёти бемор ба шумор меравад. Барои комёб шудан ба ин ҳадафҳо бояд миқдори амалҳои бо усули кушодаро кам карда, усулҳои эндоскопии ҷарроҳиро васеъ ба роҳ монд.

Аз соли 2012 то 2014 дар шӯъбаи урологии Бемористони Ибни Сино натиҷаи табобат бо усули эндоскопии 17 бемор бо склерози ғадуди простата, ки дар натиҷаи простатити музмин ба амал омадаанд санҷида баромада шуд. Ташхис дар асоси аломатҳои беморӣ гузошта шуда, баъдан морфологӣ асоснок карда шуд. Сину соли беморон дар ҳудуди 38 то 74 сол қарор дошт. Аз ҷониби мутахассисони бемористон диққати махсус ба давомнокии муддати беморӣ, хосият ва дараҷаи вазнинии вайроншавии пешобкунӣ дода шуд. Аз ҳамаи беморон озмоишоти умумиклиникӣ ва таҳлили биохимиёвии хун гирифта шуда, муоинаи ғадуди простата, УСО и ғадуди простата ва масона бо муайян намудани пешоби боқимонда гузаронида шуд.

Аз тадқиқотҳое, ки мо дар беморони дорои простатити музмин гузаронидем маълум гашт, ки аксариати онҳо то оғоз намудани табобат дорои шикоятҳои хос ба бемории простатити музмин буданд. Ба ҳамаи беморон се амали ҷарроҳии эндоскопӣ (қисман резексияи трансуретралии ғадуди простата, резексияи пураи трансуретралии ғадуди простата ва бурида гирифтани ноҳияи склеротикии простата) гузаронида шуд. Ҳамаи ҷарроҳиҳо бомуввафақият анҷом ёфтанд ва беморон аз ин дарди нороҳаткунанда раҳои ёфтанд. Беҳтаргардидани аломатҳои субективӣ ва обективии беморӣ, баъди ҷарроҳии барқии трансуреталии эндоскопӣ дар беҳтар гардидани амали пешобкунӣ, поин рафтани аломати дардӣ ва дигар зуҳуроти беморӣ ифода гардид. Пас ба таври мусбат ба сифати зиндагии мизоҷон таъсиргузор буд.

Ҳамин тариқ ҷарроҳии барқии трансуретралии эндоскопӣ усули босамар ва боэътимоди аз байн бурдани обструктсияи инфравезикалӣ дар беморони склерози ғадуди простата, ки дар шароити ҷараёни тӯлонии простатити музмин рушд мекунад ба шумор меравад. Умуман ин усули ҷарроҳӣ ба беҳбудии зиёди сифати зиндагии маризон оварда мерасонад.

Бахши урологии Бемористони Ибни Сино тамоми шароитро барои анҷоми ин гуна амалҳо доро мебошад. Бахши урологии бемористон бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст, ки имкон медиҳад амалҳои эндоскопиро дар сатҳи баланд анҷом диҳанд. Дар бахши урологӣ мутахассисони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ ба хизматрасонии беморон машғуланд ва ин низ дар ташхис ва табобати дурусти бемориҳои урологӣ нақши сазовор дорад.

Инчунин бемористони мо бо ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи миллӣ» ҳамкорӣ дорад ва истифода аз хизматрасониҳои ин ташкилот хароҷоти Шуморо ба маротиб кам мекунад. Мақсади асосии мо дастрас гардонидани дастовардҳои тибби муосир ба мардуми шарифи Тоҷикистон аст ва суғуртаи тиббӣ яке аз беҳтарин роҳҳои расидан ба ин мақсад ба шумор меравад. Худ ва наздиконатонро суғурта кунед ва аз хизматрасониҳои тибби муосир бо нархҳои дастрас истифода намоед.

Copyright @ 2015 TojNews

Зардчуба дар дармони саратон, афсурдагӣ ва диабет таъсиргузор аст

Дар тибби халқӣ аз ин адвия(доругӣ) барои дармони бемориҳое монанди мушкилоти занон, мушкилоти меъда, ҷигар, бемориҳои сирояткунанда ва бемориҳои хунӣ истифода мешавад ва имрӯза илми рӯзи дунё барои истифода аз ин доругӣ далелҳое илмӣ ёфтааст.

Мутолиоти ҳуҷайраҳо нишон медиҳад куркумин, ки 2 дарсад аз 5 дарсади кулли зардчубаро ташкил медиҳад моддае зидди микроб, омили зидди ҷаҳишзо,зидди саратон ва зидди микроб аст.

Ба гуфтаи муҳаққиқон мутолиоти зиёде дар ин замина бар руи ҷонварон анҷом шудааст, ки тавоноии амалии ин адвия дар баробари бемориҳои илтиҳобӣ монанди саратон, бемориҳои асабӣ, афсурдагӣ, диабет, фарбеҳӣ ва атеросклерозро нишон медиҳад.

Дар мутолиоти болинӣ(клиникӣ) низ ин адвия дар баробари бемориҳои гуногуни инсонӣ аз ҷумла сил, саратон, диабет, синдроми таҳрикпазири руда, наррак ва фиброз асарбахшии худро нишон додааст.

Ин ёфтаи ахири донишмандон дар маҷаллаи Molecular Nutrition & Food Research мунташир шудааст.

Мактаби миёнаро соли 1965 бо медали тилло, пас соли 1971 факултаи муолиҷавии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Синоро бо дипломи аълочӣ хатм намуд. Солҳои 1971-1973 ординатори клиникии кафедраи урологияи ДДТТ буд.

Пасон зина ба зина духтури шўъбаи урологияи Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 3, аз соли 1976 ба ҳайси ассистенти кафедраи урологияи ДДТТ, аз соли 1987 дотсент, аз соли 1994 профессор ва аз соли 1995 мудири ҳамин кафедра шуда фаъолият намуд. Аз соли 1998 мудири кафедраи урологияи ДТИБКТТ, аз соли 2003 мудири кафедраи урология ва андрология, аз июни соли 2008 профессори ин кафедраи донишкада мебошад.

Дар таърихи Тоҷикистон якумин доктори илм дар урология (аз соли 1993), профессори соҳаи урология (аз соли 1995) ва профессори соҳаи урология ва андрология (аз соли 2004) мебошад. Табиби номӣ ҳамеша дар ҷустуҷў буда, аз усулу шеваҳои тозаи худёфташ дар ҷарроҳии тармимӣ, реза кардани санги пешоб, бо ёрии дору даво кардани бархе аз касолати урологӣ самарабахш истифода мебарад.

Тадқиқоти олим нахустин бор роҳҳои нигаҳдории ҳомеостази бемории гурдаро дар муҳити баландҳарорати беруна ва маҳакҳои марҳилаҳои норасоии кори гурдаро мутаносиби фаслҳои сол муайян намуд. Бо корбасту ҳамоҳангии тиб бо усулҳои физикаи ҷисми сахт, ҳидравлика, оптика ва акустика бори нахуст дар таҷрибаи ҷаҳониён хосиятҳои физикиву деформатсионии сангҳои гурдаро ошкор намуд. Дар ин замина усули навини осону камзарари литотрипсияи сангҳо ва конструксияи ду асбоби сангшикан, инчунин таснифи нави этиопатогенезии нефро-литиазро пешниҳод кард.

-Андарзу ҳикмати халқӣ, ба андешаи камина, ба сони хуршеди тобон ҳастанд, ки бар сари ҳамагон бедареғ нурҳои ҷонбахш нисор месозанд. Аз он ҳар кӣ ба қадри тавону хоҳиш бархурдор мешавад. Аз ин нуқтаи назар, инҷониб, ҳамчун табиб, боварии комил дорам, ки ин панди пурмўҳтаво, дар навбати аввал , барои пизишкон гуфта шудааст.

Ҳамаи мардуми олам, аз он ҷумла, мо- тоҷикон дарозои садсолаҳо ба як силсила мавзўъҳо, чунонки имрўз гуфтан расм шудааст, табу гузошта будем. Ҳарчанд ки тамоми аъзои инсон дар таъмини фаъолияти пайваста ва пурмаҳсули ў нақшу мақоми баробар доштанд, баъзеи онҳо ба шарофати рисолати махсус ва маъмулан маҳрамонаашон аз омўзиш ва баррасиҳои ошкори оммавӣ бенасиб мемонданд.

-Ҳақ ба ҷониби Шумост, устоди гиромӣ! Лекин, ҷанобатон бештар аз мо огаҳӣ доред, ки бо вуҷуди паёпай андешидани тадбирҳо нисбат ба оризаҳои узвҳои маҳрамона ва дар ин радиф, нисбат ба бемории соф мардона- простатит ҳамон муносибати то андозае ҳаёбарангез то кунун боқӣ мемонад. Теъдоди назарраси мардони гирифтори чунин дард аз ифшо кардани сир худдорӣ намуданро авло мешуморанд.

Читайте также:  Симптоматика при аденоме простаты

-Ва ин бисёр бад аст ва мардонро ба оқибатҳои ногувор рўбарў месозад. Ошкоро мегўям, ки агар простатит сари вақт ташхис, ҳаматарафа муолиҷа карда нашавад, ба сари мардон ҳузну андўҳи калон меоварад.

-Мушаххасан бигўед, ки агар гирифтори простатит ба духтур муроҷиат накунад, чӣ мешавад?

-Чаро баъзе духтурон простатитро дар тўли 2-4 ҳафта табобат мекунанд, дигарон – моҳҳои зиёд?

— Бале, устод, ба ин маънӣ дар урфият беҳуда нагуфта будаанд, ки дард кўҳ барин меояду зарра-зарра меравад. Барои табобати простатит ба фармудаи Шумо, бардошту таҳаммул лозим мешавад. Хуб, акнун мегуфтед, ки оё ҳамаи беморон аз простатит шифо меёбанд?

-Бояд иқрор шуд, ки на ҳама вақт муолиҷаи бемор натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Камина аз таҷрибаи бисёрсола ба хулоса расидаам, ки ба нокомӣ дар ин ҷода ё аз ҷониби шахсони мариз ва ё аз тарафи пизишкон асос гузошта мешавад. Беэътибории ҳам бемор ва ҳам табиб ба осонӣ ҷуброн намегардад. Натиҷаи аз ҳама номатлуб он аст, ки дар аксар маврид ангезандаи бемор маҳв нагаштанаш мумкин аст, чунки фаразан табиб муолиҷаро бармаҳал хотима бахшидааст ва ё худи мизоҷ бо ягон баҳона аз таҳти назорати духтур дур шудааст. Воқеан, боқӣ мондани ангезандаи маризӣ, албатта, сабабҳои гуногун дорад ва онҳоро табиб бояд кофта ёбад ва дақиқ кунад.

Дар аснои ташхис хатоӣ рафтанаш мумкин аст, шояд ташхис нопурра бошад, шояд чанд омилҳои беморизо муайян нашуда монда бошанд, шояд доруворӣ нодуруст интихоб шуда бошад, шояд бемор тавсияҳои духтурро нопурра иҷро карда бошад ва агару магарҳои дигар. Барои муайян кардани ин ҳолат дониши амиқи духтур ва таҷрибаи кофии ў лозим мешавад. Беморони оддиро ҳама табобат карда метавонанд, вале кушодани гиреҳи маризии мураккаб ва вазнин на ба ҳар мутахассис муяссар мешавад.

Ҳоло маҳз миқдори ин тоифа беморон зиёд шуда истодааст. Бинобар ин, пеш аз оғози табобат бемор бояд хеле хурдагирона табиби муолиҷи худро интихоб кунад. Такроран таъкид менамоям, ки табобати простатит ҳам аз бемор ва ҳам аз духтур сабру тоқати калон талаб менамояд. Аз ин хотир, дар ин раванди тўлонӣ беҳад зарур аст, ки духтур ва бемор ба ҳамдигар боварӣ дошта бошанд ва бо ҷаҳду ҷадали якҷоя касалиро мағлуб сохта тавонанд.

-Интихоби духтур, бахусус дар шароити деҳоти дурдасту кўҳистони диёри мо, кори осон нест. Гумон мекунем, ки ҷаноби Шумо шароити шаҳрҳоро ба инобат гирифта, интихоби духтури соҳибихтисосро аз шартҳои аввалиндараҷаи давои дард маҳсуб медоред.

-Пас, ба андешаи Шумо, простатитро кӣ бояд муолиҷа кунад?

-Муолиҷаи простатити музмин кори басо заҳматталаб мебошад. Он бояд зери назорати уролог ё андрологи донишманд сурат гирад. Бемор гоҳо аз зуд шифо наёфтанаш рўҳафтода шуда, таъиноти духтурро ба ҷо намеоварад ва ё назди духтури дигар меравад, ки ҳамаи ин бар зарари худи ў ва касалиаш аст. Бемор бояд бо як духтур кор гирад, аз як духтур ба дигараш тез — тез наравад.

Масъалаи ҳузнангез ин аст, ки иддае аз духтуроне, ки имрўз бо табобати простатит машғуланд, дониши лозима ва малакаи зарурӣ барои табобати ин беморӣ надоранд. Духтурони дигар соҳаҳо — терапевт, ҷарроҳ, духтури беҳискун ё чашм, ё гўш, духтури ташхиси ултрасадо ва ё озмоишгоҳ, ҳамшираи тиб ё корманди миёнаи лаборатория – ҳама бо табобати простатит машғуланд. Табиист, ки бо вуҷуди доштани маълумоти умумӣ, онҳо ҳеч гоҳ простатитро ба сифати баланд муолиҷа карда наметавонанд.

-Шумо ба гирифторони простатит чӣ маслиҳат медиҳед?

-Ба беморон гуфтан мехоҳам, ки сари вақт ба мутахассис муроҷиат кунед. Фаромўш насозед, ки простатити музмин бемории бардавом буда, одатан, бидуни ҳеч гуна ташвиш ҷараён мегирад, вале табобатшаванда аст. Ба ҳар духтуре, ки рост меояд, саломатии худро бовар накунед. Хусусан, аз духтуре, ки ба шумо маҳси ғадуди простатаро ҳатман тавсия карда, гузарониданӣ мешавад, барканор бошед. Чунки ин тадбирро танҳо барои гирифтани усора — обияти ғадуд бо мақсади таҳқиқ ва аниқ кардани ташхис истифода бурдан дуруст аст.

Дар сурати мустақилона истифода набурдани антибиотикҳо, дуруст муайян кардани ангезандаи бемор дар озмоишгоҳ бо усули муосир, дарёфти духтури босаводи пуртаҷриба, табобати якҷоя бо завҷа ё ҳамхобаи дигари бемор, риояи дақиқи тавсияҳои духтур, табобати дурусту мунтазам, риояи одоби хуфтухез ва низоми муносибатҳои шаҳвонӣ бисёриҳо аз чанголи ин касалии шум раҳо хоҳанд ёфт.

— Устоди арҷманд, ҳамагон медонанд, ки аз муолиҷаи ягон гунаи маризӣ пешгирии он осонтар ва камхарҷтар мебошад. Аз ин рў, ба шахсони солим маслиҳат диҳед, то ки онҳо худро эҳтиёт намоянд ва гирифтори простатит нашаванд.

-Ман, дар навбати аввал, ба ҷавонону миёнсолон муроҷиат менамоям. Аз сармо ва намкашӣ худро эҳтиёт кунед, дар ҷойи нам, заҳ нанишинед. Серҳаракат бошед, бисёртар пиёда гардед, бо корҳои ҷисмонӣ ва варзиш машғул шавед, аз сайругашт рўй нагардонед, то ҳаракату гардиши хун афзуда, рукуди хун пешгирӣ карда шавад.

Ботинан ва зоҳиран тоза гардед, низоми хобу бедорӣ, хўроки гуногуну босифатро риоя намоед. Барои коргарони камҳаракат (кормандони соҳаҳои ақлонӣ, муаллимон, шоирону нависандагон ва олимон, ронандаҳо, кормандони корхонаҳои давлатӣ, идоранишинҳо ва монанди онҳо) иҷрои тавсияҳои зикршуда ҳатмианд. Ин тоифа бо тақозои касбу корашон бештари вақти худро дар ҳолати нишастан ва камҳаракатӣ сипарӣ мекунанд. Барояшон зинҳор менамоям, ки ҳар соат аз ҷой хеста, бадани шахшударо ба ҳаракат дароред. Асло ба пайдошавии қабзияти рўдаҳо роҳ надиҳед.

Алоқаҳои шаҳвонии оилавии мунтазамро риоя кунед. Дидаву дониста ба доми бало андохтани худ камоли беақлист – бо ҳар зане, ки рост омад, наздикӣ наҷўед. Аз бемориҳои сироятӣ ва ҷимоӣ барҳазар бошед. Фаъол бошед, агар ягон беморӣ ба шумо часпид, зуд онро табобат карда, бартараф созед. Барои саломат нигаҳ доштани худ вақти муайян ҷудо карда, онро пурсамар ва мақсаднок сарф намоед: ҳамеша дар ёд доред, ки сиҳатӣ эътибори пайваста ва сарфи вақтро мехоҳад!

Агар ягон аломати ночизтарини простатитро дар худ ошкор созед, зуд ба духтур муроҷиат намоед, чунонки ҳангоми саволгузорӣ ишора шуд, барҳақ ҳам пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар ва арзон мебошад.

-Устод, он чӣ фармудед, ба онҳое дахл дошт, ки мизоҷони эҳтимолии табибон ба ҳисоб мераванд. Шумо ба ҳамкасбони худ низ ягон маслиҳат дошта бошед, марҳамат, тавассути рўзнома муроҷиат намоед.

-Ташаккур. Ҳарчанд ба шарофати ҷамъомадҳои пайваста мо — табибон ба ҳамдигар маслиҳатҳо дода меистем, камина аз мавқеи муносиби худ — раиси ҷамъияти урологҳо ва андрологҳои вилоят истифода карда, ба ҳамкасбон баъзе нуктаҳоро таъкид карданӣ ҳастам. Дар илми расмии тиб бемории простатити музмин зиёда аз 150 сол инҷониб маълум мебошад. Вале бо вуҷуди маризии хеле паҳншуда буданаш алҳол пурра омўхта нашудааст ва ба ҳамин боис аст, ки ба табобаташ на ҳамеша даст ёфтани табибон мумкин мегардад.

Дар ҳақиқат, маҳакҳои устувору ягонаи шинохтани беморӣ, шаклҳои он ва намудҳои табобат вуҷуд надоранд, ки ин бо тавъами пулакишавии ёрии тиббӣ ҳангоми простатит ҳолати ногуворро ба вуҷуд овардааст. Ба фикри мо ва олимони дигари машғул ба масъалаҳои илтиҳоби музмини ғадуди пешҷой, амалҳои номатлубу номувофиқи духтурӣ инҳоанд :

Якум, аз назар дур доштани муносибатҳои маъмули истилоҳӣ ва таснифӣ. Дуюм, аз ҳад зиёд баҳо ва аҳамият додан ба нақши хламидияҳо ва дигар микроорганизмҳои ғайринаматӣ дар патогенези беморӣ ва устувории зиёди онҳо ба дорувории зиддибактериявӣ. Дар байни духтурони мо афзалияти ташхиси (ҳипердиагностикаи) хламидиоз, микоплазмоз, уреаплазмози пешобу таносулӣ, инчунин вагинози бактериалӣ (гарднереллез) вуҷуд дорад. Сеюм, ба назар нагирифтани системаҳои коркардашудаи баҳодиҳии аломатҳои простатити музмин — NIH-CPSI (1999), COC-ХП (2001). Ин системаҳо ошкоркунӣ ва баҳодиҳии шикоятҳои беморро содда намуда, барои миқдоран баҳо додани шикоятҳои бемор имконият медиҳанд, хусусияти умумии зуҳуроти гуногуни клиникии простатитро дар инсони мушаххас бо ифодаи қатори рақамҳо муайян мекунанд. Чорум, дастамалҳои муолиҷавиро, ки бо даровардани асбобҳо ба қисми пешҷойи пешобрав вобастаанд, хеле зиёд истифода бурдан ва назарногирии уретроскопия. Умедвор ҳастам, ки ҳампешаҳо ба эродҳо минбаъд эътибор медиҳанд.

Читайте также:  Норфлоксацин от хронического простатита

Дар ин боб водор будам, ки бо забони хоси табибон сухан гуфта бошам, ки барои хонандагони омӣ дандоншикан аст. Дар хотима махсус қайд кардан мехоҳам, ки аз тамоми амалҳои номатлуби ҳампешаҳо инҷониб бадтаринашро ваъдаи ба тезӣ дуруст кардани простатит ва баръакс, эълом доштани табобатнашавандагии простатити музмин медонам. Табиби ҳақиқӣ асло ба ин ду амал руҷўъ карданаш дуруст нест. Итминони комил дорам, ки имрўз сатҳи маърифати мардуми мо чи дар шаҳрҳо ва чи деҳот хеле баланд шудааст ва ин раванд торафт авҷ мегирад. Бинобар ин, ба хурду калон рости гапро гуфтан лозим аст!

-Чӣ мешуд, ки устоди азиз, хонандаи мо, ана, ҳамин рости гапро бори дигар аз забони мубораки Шумо мешунид.

-Омин! Барои сўҳбати муфид ва пурмўҳтаво изҳори сипос менамоем.

Сўҳбатнигорон
Муҳаммадҷон ҚОДИРОВ,
Солеҳи ЗАРИФЗОД

  • 1 ѓизои дар давоми табобати бемории ҷигар ва ғадуди
    • 1.1 Нишонаҳои
    • 1.2 Тавсияњо оид ба ѓизои табобатї
    • 1.3 Принсипҳои озуқаворӣ
    • 1.4 Меню
    • 1,5 меъ-

Дар қадре бемории чунин мақомоти муҳим ҳамчун ҷигар ва гадуди, бадани инсон дар хатар аст. Пас, агар шумо ба ин беморӣ кард, дарҳол шифо раванди оғоз.

Ин ба шумо дар ҳама гуна дигар аз меню, инчунин ҳилаи кӯмак хоҳад кард. Ѓизо барои бемории ҷигар ва гадуди зери маънои ғизо клиникии қатъиян маҳдуд. Дар ин мақола ба шумо хоҳад маълумот дар бораи тавсияҳои асосӣ ва принсипҳои техникаи мазкур дода мешавад.

Ѓизои дар давоми табобати бемории ҷигар ва ғадуди

Агар ягон бемории узвҳои дохилӣ, муҳим аст, ки ба риоя бо ѓизои махсус, бо мақсади тезонидани раванди барқарорсозӣ аст.

Мақомоти монанди ҷигар ва ғадуди дар иҷрои зерин муҳим мебошанд вазифаҳои:

  • мақоми пойафзоли аз toxins, toxins, моддањои доруворї ва спиртдор;
  • маҳсулоти Хулоса таназзули сафеда, acetone, phenol, пайвастагињои ketone ва холестирин;
  • Танзими hematopoiesis;
  • Синтези аз gallbladder.

Муҳим он аст, ки ба бемории яке аз мақомоти боло, эњтимолияти беморӣ ба дигар, зич алоқаманд аст. шоњроњи ва зарфҳои дакиќа — Он метавонад ба gallbladder, ducts талха ва пайвастагињои дискинезияи ва вайрон. Аз ин рӯ, бо як ѓизои муносиб шарм надоред.

Бо мақсади ошкор ҷигар ва бемории ғадуди дар зинаи аввали, бодиққат нишонаҳои асосии хонед.

Нишонаҳои дар ҷигар ва ғадуди ба таври зерин нишон дода мешавад:

  • дилбењузурї;
  • зардаҷўш;
  • Ногувор, нафас якбора;
  • Ранги зард пешоб;
  • пӯст Зард;
  • шикамдард фуҷур, саманд зард ё сабз;
  • таъми талх дар даҳони.

Албатта, ба рӯйхати нишонаҳои дар боло зикршуда аломати ва дигар бемориҳои узвҳои дохилӣ. Аммо агар ба рӯйхати боло ба дард дар гадуди ва ё ҷигар илова карда шавад, ташхиси худ равшан аст. Вақте ки дар яке аз бемориҳои дар боло ошкор, фавран ба риояи ѓизои тиббӣ гиранд.

Ҳамчунин, бо ин гуна беморӣ, шахси чизе дар гармо ва сармо, ва ҳатто бадтар чашмонаш афканда. Бо мақсади пешгирӣ аз ин, ки бар ошкор намудани нишонаҳои аввал, фавран ба раванди паст кардани гиранд. Ҳамон тавре ки пештар зикр гардид, он метавонад бо истифода аз менюи ѓизои махсус анҷом дода мешавад.

Дар surest ҳалли масъалаи вобаста ба вайрон гардидани ягон мақомоти дохилӣ ѓизои табобатї мебошад. Аммо як маҳдудиятҳои оддӣ парҳезӣ намебуд, кофӣ, натиҷаҳои самаранок талаб риояи қатъии зерин тавсияҳо:

  • хӯрок дар менюи парҳез бояд риоя шаванд 5-6 бор дар як рўз, барои зиёд кардани ҳаҷми servings як 250 грамм нест;
  • озуқаворӣ тавсияшаванда soar, пухтан ва оҷур;
  • истеъмоли намак аст, ба ҳадди ақал кам — 8 грамм дар як рўз;
  • soups оддӣ бо soups иваз;
  • бинӯшад ҳар рӯз ду литр об покиза бе газ;
  • шумораи калони маҳсулоти хӯрока бояд ғизоӣ зеринро дар бар гирад — сафедањо, pectins ва селлюлоза;
  • Хӯрокҳои иҷозат барои хӯрдани танҳо дар шакли гармӣ.

Оё парҳез ки барои бемории фаромӯш нахоҳад кард натиҷаҳои самаранок меорад танҳо дар ҳолати риояи ќатъии бо қоидаҳои дар боло.

ѓизои табобатї дар бемориҳои ҷигар ва заҳра дар масона — ягона варианти на танҳо барои бартараф намудани аломатњои қаблан вуҷуддошта, балки низ барои ҷилавгирӣ аз пайдоиши бемориҳои дигар мақомоти рӯдаи gastrointestinal. Дар хотир доред, ки вақте ки шумо ғамхорӣ муносибат ба саломатии худ ва таъхир дар табобати ин беморї, метавонанд гепатити ва диабети қанд инкишоф.

Дар парҳез барои табобати бемориҳои дар боло иқрор мешавад , дар менюи худ, ба рӯйхати зерин маҳсулоти:

  • гӯшти мурғ ва Туркия;
  • моҳӣ лоғар;
  • шир паст-фарбеҳ ва йогурт;
  • тухм;
  • чормащз;
  • tofu, панир косибӣ;
  • равғани зайтун;
  • равцанмоҳӣ равғани ҷигар;
  • нон;
  • макарон;
  • биринҷ;
  • овёс;
  • картошка;
  • нахўд;
  • помидор;
  • ҷуворимакка.

Барои табобат ҳама самаранок барои мақомот, ѓизодињї ғизо зарур аст, ки ба даст кашад аз:

  • спиртдор;
  • серравѓан, дуддодашуда, хӯрок тунд ва пухта;
  • redisa;
  • исфаноҷ;
  • пиёз сабз;
  • тухм;
  • гўшти серравѓан ва фарбеҳ;
  • маҳсулоти дорои шоколад ва кофеин;
  • шириниҳои;
  • нон тару тоза.

маҳсулоти Илова Қабул дар ѓизои бояд бо витамини B. зиёд истеъмоли сафедаҳо ва карбогидратҳо, дар якҷоягӣ

табобати дурусти бемории ҷигар, гадуди ва масона заҳра имконнопазир аст бе менюи ғизои дуруст. Албатта, он бояд аз рӯйхати хӯроки иҷозат дода мешавад. Мо ба шумо пешниҳод хосият барқи бештар самаранок ман барои табобати узвҳои дохилӣ. Ҳамин тариқ, ѓизои бо ҷигар ва ғадуди — меню барои ҳафта:

душанбе

  • Субҳона: шолӣ бо шир ва равғани маска, тухм ду судак;
  • Хӯроки нисфирӯзӣ: шӯрбо сабзавот, гӯшт ва сабзӣ судак;
  • Нашуст: макарон ва панир, чой сабз.

сешанбе

  • себ-сабзӣ хӯриш, cutlets буѓї бо чошнии шир;
  • моҳӣ судак ва сабзавот steamed, чой;
  • Casserole аз молњои.

чоршанбе

  • шўлаи бо шир, тухм;
  • шӯрбо сабзавот, як коршиноси судї шолӣ бо гӯшт судак, чой;
  • моҳӣ судак, сабзавот ва чой.

Панҷшанбе

  • панир, косибӣ, бо меваи хушк;
  • карам вагон бо яхмос ширї, чой;
  • porridge биринҷ.

Ҷумъа

  • марҷумак ва шир;
  • шӯрбо гиёҳхорон, ду буридаи нон;
  • биринҷ, моҳӣ судак ва сабзавот steamed.

шанбе

  • шўлаи ва ду тухм судак;
  • шӯрбо шир бо угро, casserole curd;
  • semolina бо қоқ.

якшанбе

  • шир шўлаи, чой сабз;
  • шӯрбо сабзавот, cutlets буѓї бо макарон;
  • самбӯса бо панир, косибӣ, шарбати.

Баъд аз баррасии меню, шумо метавонед оғози тартиб додани хӯрокҳои лазиз ва солим. Пас, ѓизои дар бемориҳои ҷигар ва ғадуди — аз меъ- барои ҳар як рӯз:

шӯрбо марҷумак


шӯрбо марҷумак

Компонентњо: 100 мл об, 50 грамм марҷумак, 400 мл шир, рози шакар.

  • напазед об;
  • мепартоӣ дар устухони чорбанд вай;
  • напазед дақиқа 15-20;
  • Пас шир ва шакар илова;
  • хуб омехта.

Моҳӣ бо биноҳои


Моҳӣ бо биноҳои

Компонентњо: яке қафас, 150 грамм биринҷ, 2-3 сабзӣ, сабз ва рози намак.

  • Самарноктар ва шустани моҳӣ;
  • simmer, илова рози намак;
  • биринҷ Кук ва сабзӣ;
  • Бодиккат аз рӯи судї њар компонентњои гузошт.
Читайте также:  Отзывы о болиголове при раке простаты

Дар Хӯроки оянда ҳамчун ғизо табобатї дар ѓизои тавсия 3-4 маротиба дар як ҳафта:

хӯриш сабзӣ


хӯриш сабзӣ

Компонентњо: 4 сабзӣ, 2 себ, 100 г мавиз, лимон-ошёнаи, се tablespoons асал.

  • Grate ба сабзӣ ва себ дар grater дацал;
  • омехта компонентњо, илова мавиз;
  • камшавии шарбати лимӯ ва мавсими онҳо хӯриш;
  • Пас асал илова ва хуб омехта.

дорухат шириниҳо барои ѓизои тезтар шифо бемории шумо:

soufflé Панир Ризоият бо мева


soufflé Панир Ризоият бо мева

Компонентњо: 250 г панир, 100 г себ, малина, Тарбуз, шафтолу ва банан, қошуқи асал.

  • Зада панир, косибӣ дар як кахвачушонак;
  • буридан мева ва илова ба панир, косибӣ;
  • Пас асал ва ҳамаи бодиққат илова;
  • гузошта вазни тайёри дар печи барои 5 дақиқа дар қуввати 750 ватт.

шӯрбо сабзавот


шӯрбо сабзавот

Компонентњо: 300 гр картошка, карам ва сабзӣ, пиёз як ва яке аз карафс, рози намак.

  • пухтан сабзавот дар оби намакин андак;
  • сипас ба як кахвачушонак қамчинкорӣ, кашидани онҳоро ба авокадо;
  • оро табақ рози наботот.

Ҳамаи меъ- боло баробар барои ѓизои хуб, дар ҳузури бемории ҷигар ва саратон.


Урологи Бемористони Ибни Сино,

Доктор Абдувоҳидов Абдусамад.

Простат ё худ ғадуди пешҷой яке аз узвҳои асосии мардона аст, ки дар қисми поёнии ковокии коси хурд, зери масона ҷойгир мебошад. Ин ғадуд қисми простатии найи пешобрез ва маҷроҳои манибарорҳоро иҳота мекунад.

Маъмултарин бемориҳои простат илтиҳоби ғадуди простат — яъне простатит, аденомаи простат ва саратони простат мебошанд.

Простатит илтиҳоби гадуди простат буда, бисёртар дар мардони синни фаъоли меҳнатӣ вомехӯрад. Аз руйи таснифоти қабулшуда простатит ба 4 категория тақсим мешавад.

Простатити ҳоди бактериявӣ

Простатити музмини бактериявӣ

Простатити музмини абактериявӣ

Зуҳуроти клиникии простатит сершумор аст. Аломатҳои простатити ҳод ҳароратбаландӣ бо табларза, дардҳо дар чатан, дар мавзеъи узвҳои ҷинсӣ ва камару чорбанд, пешобронии тез тез ва бо дарду сӯзиш, гоҳҳо бандшавии шадиди пешоб мебошанд.

Зуҳуроти асосии простатити музмин бошад дарди кунд маъмулан дар ноҳияи чатан ва моядон, норасогии пешобкунӣ, ҳисси пурра холӣ нашудани пешобдон, сустии потенсия, мондашавии умумӣ, асабхастагӣ мебошанд, ки боиси паст шудани сифати ҳаёти мард мегардад.

Аденомаи простата ё гиперплазияи хушсифати ғадуди простата дар натиҷаи бузургшавии ғадудҳои назди мачрои пешобрез ба вучуд омада, маъмулан дар мардҳои солхӯрда вомехӯрад.

Сабаби асосии инкишофи ғадуди простата вайроншавии мувозинати ҳормонӣ мебошад.

Аденомаи простата тибқи оморҳо дар 30-40% мардҳои синну солашон аз 50 боло вомехӯрад, аммо зуҳуроти клиникии беморӣ факат дар 15% — и онҳо мушоҳида мешавад.

Ба қадри афзоиши худ аденома боиси фишурдашавӣ ва деформатсияи қисми простатии маҷрои пешоб мегардад, ки дар натиҷа аввал зуд-зуд ва баъдан бо фишор пешобкунӣ ба амал меояд. Чараёни бемориро ба се давра аз ҷихати холишавии пешобдон таксим мекунанд. Зуд-зуд пешобкунӣ, хусусан шабона, бо мушкилӣ ва фишори паст пешобронӣ, хисси пурра холӣ нашудани пешобдон, зиёд шудани ҳаҷми боқимондаи пешоб, қабзияти пешоб маризро азият мекунад. Саривақт табобат накардани беморӣ боиси бандшавии музмини пешоб гашта, метавонад ба норасогии музмини кори гурдаҳо оварад.

Ташхиси бемориро бо ултрасадо ва ба тарзи бо ангушт тафтиш кардани простата аз маъқад ташхис мекунанд.

Муолиҷаи аденомаи простата дар марҳилаи аввал бо ёрии доруҳо буда, дар ҳолати натиҷаи хуб ба даст наомадан, ҷаррохӣ тавсия карда мешавад. Усули ҷаррохӣ бошад, ба таври кушода ё эндоскопӣ гузаронида мешавад. Маъмултарин усули табобати эндоскопии аденомаи простата бо тарзи ТУР — яъне резексияи трансуретралии простата анҷом дода мешавад.

Дар навори баъдӣ мо ба шумо дар бораи ҷарроҳии ТУР маълумот хоҳем дод.

14.12.2017 Илм Comments Off on АДЕНОМАИ ГАДУДИ ПРОСТАТА 280 Показы


АДЕНОМАИ ГАДУДИ ПРОСТАТА (Adenoma glandula prostatica), омоси гайрисаратонии гадуди простата (гадуди зермасона). Ба А. факат мардони аз 50- сола боло гирифтор мешаванд. А. суст инкишоф меёбад. Аввалин аломати калон шудани гадуди простата шабона зуд-зуд пешоб кардан аст. Дар аснои А. пешоб базур ва бе ягон хел фишор мерезад (хангоми росто пешоб кардан, бемор пойхояшро тар мекунад) ва ба атроф пош мехурад. Бо гузашти замон аломатхои бемори авч мегиранд ва пешоб факат дар натичаи сахт зур задан катра – катра меояд. Агар бемори табобат карда нашавад, мумкин аст ихрочи пешоб тамоман катъ гардад. Дар мавриди хеле давомнок будани А. пешоб беихтиёр ва охиста мерезад, аммо бемор хис намекунад, ки масона (пешобдон) холи шудааст. Бинобар ихтилоли пешоброни дар бофтахои гурда тагйироти зиёд (васеъ шу- дани хавзакхои гурда, газак ва г.) руй дода (ниг. Пиелонефрит), боиси пайдо шудани санг мегардад (ниг. Бемории санги пешоб). А. дар ибтидо харчанд безарар бошад хам, минбаъд мумкин аст ба омоси саратони табдил ёбад. Аз ин ру, баробари зохир шудани аломатхои аввалини бемори, хатман ба духтур мурочиат карда, тавсияхои уро пурра ичро намудан зарур аст (риояи коидахои бехдошт, пархез ва г.). Организмро бояд аз сармо (хусусан пойхоро) эхтиёт кард. Кори меъдаю рудахоро ба ни- зом дароварда, мунтазам бо варзиш машгул шудан лозим (хар руз 1 – 1,5 соат пеш аз кор ва баъди он). Пиёда гаштан хам манфиати калон дорад. Дар натичаи муддати дароз ихроч нашудани пешоб, масона сахт таранг шуда, боиси кабзи шадиди пешоб мегардад. Дар сурати пайдо шудани аломатхои аввалини А. бемор бояд ба духтури уролог мурочиат намояд. Аз истеъмоли гизохои тезу тунд, каламфур, хардал, консервахо, хуроквории дудхурда ва шароб пархез кардан лозим. Истеъмоли махсулоти шири (гайр аз шир, ки бои- си дамиши шикам мегардад) ва сабзавот муфид аст. Таомхои гуштинро бояд дар нимаи якуми руз тановул кард; баъд аз соати 6-и бегох камтар хурок хурдан лозим аст (бехтараш 2 – 3 соат пеш аз хоб хурок истеъмол накунед). Муоличаи А. чанд намуд мебошад. Пештар онро факат бо рохи чаррохи табобат мекарданд. Солхои охир усули ба дору муолича кардани он дарёфт шудааст. Доруро муддати тулони истеъмол намудан лозим меояд (мас., проскар, финастерид, простерид, празозин, тамсу- лозин, омник ва г.). Вале бе тавсияи духтур онхоро кор фармудан чоиз нест. А.-ро ба тавассути асбобхои махсуси оптики, афканишоти лазери, энергияи электр (ТУР), сармо (криодеструктсия) ва гарми (термоаблатсия, термотерапия) низ муолича мекунанд. Дар Точикистон барои табобати А. асосан аз усули чаррохи истифода мешавад. Натичаи муолича, одатан, хуб аст. Хангоми кухна шудани бемори ду маротиба чаррохи мекунанд: аввал ба масона носур гузошта, баъди чанд мох гадудро бурида дур месозанд. Беморе, ки ба масонааш носур гузоштаанд, ба нигохубин мухточ аст. Дар шароити хона лулаи резинии тахлия (дренаж)-ро рузе 2 маротиба бо оби гарм шустан лозим. Пешобгиракро низ бо оби гарм нагз мешуянд ва барои дезинфексия ва бартараф намудани буи пешоб бо 50 мл махлули 0,1%-и перманганати калий пур мекунанд. Хангоми дар зери ноф хис кардани дард, пешобронии дарднок ва тар шудани бандина бетаъхир ба духтур мурочиат кардан зарур аст.
Ад.: Лопаткин Н.А., Доброкачественная ги- перплазия предстательной железы, М., 1997; Кодири Т.Р., Мунтахаби дарсхои пешобшиноси, Д., 2000; Тиктинский О.Л., Калинина С.Н., Забо- левания предстательной железы, Санкт-Петербург, 2006. Т. Р. Кодири.

Читайте также:
Adblock
detector